Салом, хоҳар. Фиреб хӯрдам, чӣ кор кунам?

Описание к видео Салом, хоҳар. Фиреб хӯрдам, чӣ кор кунам?

Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз боздошти ҷавонон барои шантаж ё таҳдиду бадномсозии духтарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд. Аксаран ба духтарон таҳдид кардаанд, ки бо истифода аз аксу наворҳо онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ беобрӯву бадном мекунанд. Мавридҳои шикастану дастрасӣ пайдо кардан ба саҳифаҳо ва маълумоти шахсии онҳо ҳам будааст. Гоҳо кор бо фоҷеа ҳам анҷом ёфта буд. Муттахассисон мегӯянд, бештар занону духтарон дар баробари ин рахнаи саҳифаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар осебпазиранд. Чӣ бояд кард? Чӣ тавр аз дасти рахнагарони бадкору тамаъҷӯён ва озору азияти онлайнӣ эмин монд.

Комментарии

Информация по комментариям в разработке